БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУЛОҚОТУ СУҲБАТҲОИ ВАКИЛИ МАРДУМӢ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН ДАР МАҲАЛ

ХУРОСОН. Дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ дар маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти Фахробод вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон Ашӯрзода Гулбаҳор ва раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон бо иштироки азои фаъоли ҳизб ва сокинон  баргузор гардид.

Дар он масъулин ба  сокинон мафҳуми Муроҷиатномаи  Ширкати «Барқи Тоҷик» -ро оид ба истифодаи самараноки қувваи барқ, пардохти саривақтии маблағи он, истифодаи сӯзишвории табиӣ ва диагр масъалаҳои мубрами рӯзро фаҳмониданд.  Инчунин, дар ин раванд аз  ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия озмуни ҳизбӣ таҳти унвони “Беҳтарин сарфакори барқ”  ба иштироккунандагон эълон карда шуда, таъкид карда шуд, ки дар озмуни мазкур фаъолона ширкат варзида, ҳам соҳиби туҳфахои хотиравӣ гарданд ва ҳам дар таъмини амнияти истиқлолияти энергетикӣ саҳм гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg