БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ ДОИР ГАРДИД

Ш.ШОҲИН. Дар ташкилоти ибтидоии «Коммуналӣ» маҷлиси ҷамъбастии ташкилоти ибтидоӣ баргузор гардид. Дар маҷлис раиси ташкилоти ибтидоӣ, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  иштирок ва суханронӣ карданд. Назаров Худойдод раиси ташкилоти ибтидоӣ ба сухан баромада,  доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар зарфи як соли сипаригардида  ба  ҳозирин ҳисобот дод.

Баъдан намояндаи Кумитаи иҷроия Неъматов Абудҷаббор  ба сухан баромада,  доир ба саҳми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар таҳкими ғояҳои барномавии ҲХДТ ва масъалаҳои мубрами рӯз, аз қабили сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва риояи ҳатмии  қоидаҳои беҳдоштии ҳифзи саломатӣ ибрози ақида намуд.

Қисмати интиҳои маҷлис бо саволу ҷавоби тарафайн анҷом ёфта, ҷамъомадагон  фаъолияти яксолаи ташкилоти ҳизбиро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg