Н.ХУСРАВ. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрав бо мақсади амалӣ намудани корҳои тарғиботӣ оид ба пешгирии мавҷи дуюми бемории коронавирус Аксияи ҳизбии «Бе ниқоб набош!»-ро бо усули «хона ба хона» дар маҳаллаи Сангоба-2-и Ҷамоати деҳоти Наврӯз миёни сокинон роҳандозӣ карда, аз ҳар яки онҳо даъват ба амал оварданд, ки аз сироятёбӣ ба бемории коронавирус эҳтиёт бошанд ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ниқобҳои тиббиро истифода баранд.