Н.ХУСРАВ. Гурӯҳҳои кории назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Рӯзиобод”-и Ҷамоати деҳоти Фирӯза бо сокинон оид ба шарҳутавзеҳи Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Барқи Тоҷик» бо усули «хона ба хона» корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Инчунин, дар вохӯрӣ аъзои гурӯҳи корӣ дар бораи истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, ба талафотҳои зиёди неруи барқ роҳ надодан, истифодаи лампаҳои каммасраф, бештар истифода намудани намудҳои сӯзишвориҳои табиӣ, аз ҷумла ҳезум, ангишт, гази моеъҳангоми пухтани хӯрок ва гарм кардани манзилашон суҳбат карда, ҷиҳати беҳтар гузаронидани мавсими зимистони дарпешистода маслиҳатҳои муфид доданд.
Ҳамчунин, оид ба пешгирӣ аз мавҷи дуюми хуруҷи бемории коронавирус аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ амал намуда, аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода намоянд.