
ХОВАЛИНГ. Таҳти унвони "Сарфакорона истифода бурдани барқ масъулияти шаҳрвандист" бо иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг Исфандиёр Саидмаҳмудов дар ҳамкорӣ бо волонтёрон дар ҷойҳои серодам-бозори колхозӣ, дӯконҳои пухтупази хӯрока ҷиҳати сарфакорона истифода намудани неруи барқ Аксияи ҳизбӣ гузаронида шуд.
Дар баробари бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба ҳозирин аз ҷониби волонтёрони ҳизбӣ варақаҳои иттилоотӣ оид ба шартҳои озмуни “Беҳтарин сарфакори барқ” тақсим карда шуд.