БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИДОМАИ ВОХӮРИҲОИ ВАКИЛОН БО СОКИНОН

КӮШОНИЁН. Силсиламулоқотҳои вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодиён Муҳаммад Султонзода дар ноҳияи Кӯшониён ҳамарӯза идома дошта, вохӯрии навбатӣ бо интихобкунандагони Ҷамоатҳои Сарвати Истиқлол ва Ориён сурат гирифт.

Шодиён Муҳаммад  Муроҷиатномаи Ширкати «Барқи тоҷик»-ро дар вохӯрӣ шарҳ дода, аз ҷумла афзуд, ки сарфаи ҳар як килловат неруи барқ ба манфиати худи мардуми Тоҷикистон аст. Ҳамзамон мавсуф оид ба пешгирӣ ва муқовимат бо пандемияи коронавирус, истифодаи самараноки замин, сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар ин росто вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ, татбиқи Аксияи ҳизбии «Якҷоя месозем!» ободонии деҳот, сангфарш намудани роҳҳо ва дар сатҳи баланд ташкилу баргузор намудани озмуни вилоятии «Беҳтарин сарфакори барқ» андешаронӣ кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg