ДӮСТӢ. Дирӯз бо сокинони деҳаҳои Умед ва Пахтакори Ҷамоати деҳоти Навзамин вохӯрии судманд ҷиҳати баррасии самтҳои афзалиятнокфаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла сарфакорона истифода намудани неруи барқ, самаранок ва омодагӣ барои кишти заминҳои наздиҳавлигию фермерӣ, ободонии деҳа баргузор гардида, иштирокдоронро барои татбиқи дастуру ҳидоятҳои Роҳбарияти олии ҲХДТ раҳнамоӣ карданд. Инчунин, дар ин раванд аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ муҳтаво ва шартҳои озмуни ҳизбии «Беҳтарин сарфакори барқ» баррасӣ карда шуда, гуфтанд, ки агар сокинон озмуни мазкурро дар амал татбиқ намоянд, онҳоро туҳфаҳои хотиравӣӣ интизор аст.