БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНД ЗИНДАГИИ ХУДРО РАНГИН МЕСОЗЕМ!

ВОСЕЪ. Бо мақсади расонидани муҳтавои Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сарфакорона истифода бурдани неруи барқ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Восеъободи хурд” бо иштироки масъулини ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ Сафар Ҳафиза раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ вобаста ба сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ибрози ақида намуда, қайд кард, ки агар ҳамаи мо неруи барқро сарфакорона истифода барем метавонем, ки фасли сарморо бе мушкилӣ паси сар намоем ва ҳамзамон бо ин кор метавон буҷаи оиларо низ ғанӣ гардонем.

Дар идомаи вохӯрӣ ба иштирокдорон Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва пешгирии бемории сироятии коронавирус тақсим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg