ШАҲРИТУЗ. Дар Ҷамоати шаҳраки Шаҳритуз дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо риояи фосилаи иҷтимоӣ ва қоидаҳои беҳдоштию санитарӣ бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Зафар ва Холбойзода Неъмат, кормандони Кумитаи иҷроия ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мулоқоту вохӯриҳои судманд бо интихобкунандагон доир гардид.
Зимни суханронӣ вакилон дар назди иштирокдорон дар бораи сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ, муқовимат бо пандемияи коронавирус, татбиқи Аксияи ҳизбии «Якҷоя месозем!», аз ҷумла сангфаршкунӣ ва мумфашкунии роҳҳо, сохтмони марказҳои ҷамъиятии қабул ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ якҷо бо утоқи раиси Кумитаи маҳалла, азнавсозии иншоотҳои гигенӣ ва ғайра андешаронӣ карда, интихобкунандагонро ба амалҳои созанда ҳидоят намуданд.
Дар охир вохӯрии мазкур бо эълони озмуни «Беҳтарин сарфакори барқ», шартҳои озмун ва посухҳои саҳеҳи вакилон ба анҷом расид.