БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ ВАКИЛ БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ ҶАЙҲУН

ҶАЙҲУН. Дирӯз дар  қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофзода Г. бо интихобкунандагон баргузор гардид. Ҳамзамон вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон оид ба дастовардҳои корӣ, мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки мақоми олии қонунбарори мамлакат қабул кардааст, суҳбат намуданд. Инчунин, вазъи сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, татбиқи сиёсати самараноки молиявӣ, ҷалби бештари сармоя, рушди устувори соҳибкорӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки тараққиёти мамлакат манзури интихобкунандагон гардонида шуд.

Ҳамзамон, Шарофзода Гавҳар оид ба сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ бо сокинони ноҳия суҳбат карданд вакилони мардумӣ зимни нишаст дар баробари андешаҳои таҳлилӣ ва баррасии фаъолияти вакилии худ ҳамзамон ба саволу дархости интихобкунандагон посух гуфтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg