БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ ВАКИЛ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

ТЕМУРМАЛИК. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаров Зайниддин бо интихобкунандагони ноҳия вохӯрӣ баргузор намуд.

Ҳангоми суханронӣ, вакил дар мавзӯъҳои истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, муқовимат бо пандемияи коронавирус, татбиқи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!”, аз ҷумла сангфаршкунӣ ва мумфаршкунии роҳҳо, сохтмони марказҳои ҷамъиятии қабул ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ якҷо бо утоқи раиси Кумитаи маҳалла, азнавсозии иншооти гигиенӣ ва ғайраҳо баромад намуд.

Ҳамзамон, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид баромад намуда, озмуни “Беҳтарин сарфакори барқ” - ро бо шартҳо ва пешбинӣ шудани туҳфаҳо миёни ҷамъомадагон эълон  намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg