Н.ХУСРАВ. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрав бо мақсади амалӣ намудани корҳои тарғиботӣ оид ба пешгирии мавҷи дуюми бемории коронавирус Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Бениқоб-набош»-ро бо иштироки Кормандони масъули ҳизби ноҳия баргузор намуда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва миёни сокинон бо усули «хона ба хона» дар маҳаллаи Сангобаи Ҷамоати деҳоти Наврӯз корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд ва ба онҳо ниқобҳои тиббӣ ва маводҳои таблиғотиро дастрас карданд.