ЁВОН. Дар Ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нав мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳли ҷамоатчигӣ баргузор гардид.
Мулоқот бо сухани ифтитоҳии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ба кори худ шурӯъ намуд.
Нахуст, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азимзода Толибхон Ситамурод вобаста ба таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муроҷиатномаи ширкати "Барқи тоҷик" дар мавриди истифодаи оқилонаву сарфакоронаи неруи барқ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ ибрози ақида намуд.
Баъдан дар мулоқот вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии “Ёвон-29” Азимзода Толибхон андешаронӣ намуда, аз аҳли ҷамоатчигӣ ҷиҳати саҳмгузорӣ дар вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи сазовори 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масоил даъват ба амал овард.