БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Солимии оила солимии давлату миллат аст

ВАХШ. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯрию муло­қотҳои­ Кум­ит­аи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш  ҷиҳати ­­дар сатҳи баланд  ҷамъбаст  кардани Соли рушди сайё­ҳӣ­ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси шуъбаи кор бо занони Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш ҷамъомад бо занону бонувони ташкилоти ибтидоии  ҳизбии  ба номи "А. Холиков"  дар ҷамоати шаҳраки Вахш­ оид ба  оқибатҳои нохуши никоҳи хешутаборӣ дар оила баргузор гардид.
Зимни баромади  худ мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Нуралиева Мадина дар назди ҷамъомадагон  иброз намуд, ки барпо намудани оилаи солим бояд бо риояи  талаботи асосии қонуни никоҳ сурат гирад,  зеро никоҳи хешутаборӣ эҳтимолияти бештари тавлиди фарзандони маъюбу носолим гардида, ба вайроншавии оилаҳои ҷавон, ба дунё омадани насли носолим оварда мерасонад.

Оила –асоси давлат ба ҳисоб рафта, бе он давлат, ҷамъият вуҷуд дошта наметавонад. Чунки пойдорӣ ва солимии оила  пойдорӣ ва солимии миллат аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg