ХОВАЛИНГ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг ҷиҳати ба мардум фаҳмонидани зарурат ва аҳамияти истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ ва роҳҳои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дар деҳаҳои Шехмизон ва Ҷомбахти Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт ба тариқи “хона ба хона” суҳбат доир намуданд.
Баъди бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҷавоб сокинони маҳаллаҳо изҳор доштанд, ки дар истифодаи неруи барқ ба харҷи беҳуда роҳ намедиҳанд.