БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРӢ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН СУДМАНД АНҶОМ ЁФТ

Ҷ.БАЛХӢ. Дар Ҷамоатҳои деҳоти Калинин ва Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофзода Гавҳар ва Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афрӯз Қурбонзода бо интихобкунандагон баргузор гардид.

Вохӯриро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдулҳаев Маҳмасаид кушода,  иброз дошт, ки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷкистон соле ду маротиба бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, оид ба фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот медиҳанд. Бинобар ин тибқи ҷадвали баргузории вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷкистон дар ноҳия вохӯриҳо гузаронида мешаванд. Сипас, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷкистон Шарофзода Гавҳар оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки мақоми олии қонунбарори мамлакат қабул кардааст, инчунин дар  бораи самаранок истифода бурдани неруи барқ, ҷалби духтарон ба таҳсил, тарбияи дурусти насли наврас, истифодаи самараноки заминҳо ибрози андеша намуд.

Вакилони мардумӣ зимни нишаст дар баробари андешаҳои таҳлилӣ ва баррасии фаъолияти вакилии худ ҳамзамон ба саволу дархостҳои интихобкунандагон посухҳо гуфтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg