БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУЛОҚОТИ ВАКИЛОН БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

Н.ХУСРАВ. Вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Файзуллозода Зафар ва Холбойзода  Неъматулло   дар  қасри  фарҳанги  ноҳияи Носири Хусрав  бо  интихобкунандагони  Ҷамоати деҳоти  Фирӯза   баргузор  гардид.

Вакилон  зимни суҳбат дар бораи  фаъолияти  худ  дар  Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси  Олии   Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули  қонунҳо,  тасдиқи  созишномаҳо ва дастуру  супоришҳои  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  вобаста  ба   истифодаи самаранок ва  сарфакоронаи  неруи  барқ, пардохти  саривақтии маблағи  истифодаи  он, пешгирӣ  ва муқовимат бо пандемияи  коронавирус, истифодаи  самараноки  замин,  сазовор  пешвоз гирифтани  ҷашни  30-солагии Истиқлолияти  давлатӣ ва  дар  ин  росто вусъат  бахшидани   корҳои  созандагиву  бунёдкорӣ, татбиқи  Аксияи ҳизбии  «Якҷоя  месозем!» ободонии  деҳот, сангфарш  намудани  роҳҳо  ва  дар  сатҳи  баланд ташкилу  баргузор намудани  озмуни вилоятии «Беҳтарин сарфакори барқ»  андешаронӣ карданд.

Пас аз мулоҳизарониҳои судманд миёни вакилони мардумӣ ва интихобкунандагон суолу дархостҳо  роҳандозӣ гардида,   аз ҷониби вакилон ба интихобкунандагон ҷавобҳои  мушаххас  гардонида шуд.

Ҳамчунин нимаи  дуюми  рӯз  вакилони  Маҷлиси   намояндагони  Маҷлиси Олии  Ҷумҳурӣ  дар  муасисаи таҳсилоти  миёнаи  умумии  №  10-и  деҳаи  Сангоба  бо  инихобкунандагони     Ҷамоати  деҳоти  Наврӯз  вохӯрии судманд анҷом дода, масъалаҳои муҳимро мавриди баррасӣ қарор доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg