ХОВАЛИНГ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар асоси дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизб ҳамарӯза бо усули “хона ба хона” ба мардум дар бораи истифодаи сарфакоронаи неруи барқ суҳбат доир менамоянд.
Ин навбат масъулини Кумитаи иҷроия бо сокинони Ҷамоати шаҳраки Ховалинг вохӯрда, дар бораи сарфаи барқ ва фарҳанги истифодаи он суҳбат намуда, ба онҳо муроҷиатномаҳои таъкидиро дастрас карданд ва гуфтанд, ки дар истифодаи неруи барқ сарфакор бошанд.