БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САРФАКОРОНА ИСТИФОДА НАМУДАНИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТ АСТ

ХОВАЛИНГ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар Ҷамоати шаҳраки Ховалинг ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ оид ба сарфаю сариштакорона истифода намудани қувваи барқ  суҳбат доир намуданд.

Дар назди иштирокдорон раиси Кумитаи иҷроия Халилзода Сафар баромад намуда, таъкид кард, ки кормандони Ҷамоат дар ҳамкорӣ ба кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар корҳои фаҳмонидадиҳии Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Барқи тоҷик” дар бобати  зарурат ва аҳамияти истифодаи сарфакорона истифода намудани  неруи барқ дар давраи зимистони имсола, ки бинобар кам шудани сатҳи оби дарёҳои Панҷу Вахш душворӣ ба амал овардааст, бояд  фаъолона ширкат варзанд. Ҷамъомадагон аз ин даъват изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати ҳамкорона  бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ изҳор доштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg