ХОВАЛИНГ. Суҳбати бо занони хонанишин доирнамудаи мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Саидҷалол Сатторов, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 доир намуд, оид ба ба муқовимат ба пандемияи коронавирус буд.
Дар баромад қайд гардид, ки саломатӣ ва ҳифзи саломатии ҳар шахс дар дасти худи ӯст. Агар одам талаботҳои беҳдоштӣ, он кореро, ки табибон мефармоянд, ба иҷро расонад, худро аз ҳар гуна бемориҳо, аз ҷумла бемориҳои сироятӣ чун коронавирус эмин нигоҳ медорад. Яке аз талаботи мутахассисони соҳаи тиб ҷиҳати пешгирии бемории сироятии (Ковид – 19) бастани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва серодам мебошад. Мутаассифона, на ҳама ин талаботро риоя менамоянд, ки ин ҳолат хавфи гирифторшавӣ ва паҳншавии ин бемории хавфнокро дар байни аҳолӣ зиёд мекунад.
Инчунин, мавсуф дар охири суҳбат ҷамъомадагонро таъкид бар он дошт, ки барои ҳифзи саломатии худу аҳли оила ва одамони гирду атроф бастан ниқоби тиббиро дар ҷойҳои серодам фаромӯш насозанд.