БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОЁ ҲАМА ДАР МАСЪАЛАИ ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ САРФАКОРАНД?

АНДЕША. Дар фарҳанги халқи тоҷик сарфаю сариштакорӣ мавқеи махсус дорад. Гузаштагони мо ҳеҷ гоҳ исрофкор набуданд, ба қадри нушу неъматҳое, ки Парвардигор барои онҳо офаридааст, мерасиданд ва фарзандони худро низ дар ҳамин руҳия тарбия менамуданд. Чуноне, ки фармудаанд:

 Сарфаи сари дастурхон савдогари Ҳиндустон,

 Ба чени курпа по дароз кун.

Агар даромад нуздаҳ бошаду хароҷот бист,

Ба ҳоли ӯ одам бояд гирист.

Ҳамаи ин ва бисёр дигар суханони пандомӯз ба сарфаю сариштакорӣ талқин ва ҳидоят  менамоянд, ки кас бояд ба даромад нигоҳ карда,  хароҷот намояд ва ҳеҷ вақт хароҷоташ аз даромадаш зиёд набошад.

Сарфаю сариштакорӣ яке аз нишонаҳои асосии маданият ва фарҳанги волои инсонӣ мебошад. Дар муносибат ба истифодаи неруи барқ ҳам, ки имрӯз бо сабаби афзудани шумораи аҳолӣ ва бунёди коргоҳу корхонаҳои нав  аксари давлатҳои дунё,  ба душвориҳо рӯ ба рӯанд, бояд сарфаю сариштакор бошем. Бояд зикр намуд, ки чунин ҳолат дар Тоҷикистон ҳам ба назар мерасад. Аз ин рӯ, дар тамоми дунё барои бартараф намудани камбудии барқ ба сарфакорона истифода намудани он аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд.  

Мутаассифона, солҳои охир мардуми мо дар гузаронидани тӯю маърака, маросим, дигар хароҷотҳои оилавӣ, аз ҷумла истифодаи барқ, об  ва дигарҳо  ба исрофкорӣ роҳ медодагӣ шуданд.  Исрофкорӣ то ҳаддест, ки дар  рӯзи равшан чароғи ҳавлӣ, долон, оғилу нонпазхонаро  хомӯш намекунанд. Ҳастанд оилаҳое, ки аз гармкунакҳои худсохт истифода мебаранд ва  фикр ҳам  намекунанд, ки як миқдори  муайяни даромади пули буҷаи оила маҳз  барои пардохти маблағи барқи истифодашуда харҷ карда мешавад. Зиёд  оилаҳое    ҳастанд, ки  на танҳо имконияти пардохти қарзи ҷамъшуда, балки имконияти пардохти маблағи барқи дар давоми моҳ истифоданамудаи худро надоранд. Дар ин ҳолат онҳоро мебояд, ки   аз сӯзишвории алтернативӣ  ҳезум, ангишт, тапак ва дигарҳо истифода намуда, худро аз қарз ва ё пура хомӯш намудани барқи хонааш халос намоянд. Вале, мутаассифона на ҳамаи мардуми мо ба дарки ин маънӣ мерасанд.

Аз мушоҳидаҳо чунин  бармеояд, ки дар истифодаи сарфакоронаи  барқ аз ҳама зиёд модарону хоҳарони мо  бепарвоанд.  Падарону модарони моро зарур аст, ки чун модарони кишвари Ҳиндустон пеш аз ба шавҳар додани духтаронашон  ба онҳо фарҳанги сарфаю сариштакорӣ, дар куҷо харҷ кардани  ҳар тангаи маблағи  даромади оиларо  омӯзанд. Дар чунин ҳолат оила ба чизе муҳтоҷ  нагардида,  солим мемонад.

Аз суолу ҷавоб ба баъзе соҳибхонаҳо маълум гардид, ки онҳо дар бораи  истеҳсоли   неруи барқе, ки чашму дил ва хонаю дари  онҳоро равшан ва гарм менамояд,  маълумоти зарурӣ надоранд.   Имрӯз, ки бе истифодаи неруи барқ зиндагӣ маънии аслии худро гум мекунад, мебояд ба қадри он бирасем.  Мо набояд он солҳоеро, ки аз бебарқӣ азият мекашидем,  фаромӯш намоем. Набояд фаромӯш кард, ки дар он солҳо қисме аз оилаҳо барои ба барқ таъмин будан  деҳаро тарк намуда ба шаҳр кӯчиданд. Пас, чаро имрӯз, ки давлату Ҳукумат бо кӯшиши зиёд моро ба таври доимӣ - 24 соат ба барқ таъмин менамояд, ба қадри он намерасем?  Зарур аст  аъзои ҳар як  оила  бидонад, ки дар мамлакати мо барқ аз об истеҳсол карда мешавад. Агар  об вобаста ба боришот кам гардад, истеҳсоли барқ ҳам кам мешавад.

Чуноне ки аз Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, тирамоҳу зимистони соли 2020 дар минтақаҳои ташаккулёбии дарёҳои Вахшу Панҷ боришоти барф ниҳоят кам буд ва 50 фоизи ҳаҷми солҳои гузаштаро ташкил дод.  Имрӯз об дар маҷрои дарёи Панҷ нисбат ба солҳои гузашта 2 ҳазор метри мукааб ва дар дарёи Вахш 800 метри мукааб, яъне 50 фоиз кам аст.  Чунин ҳаҷми об нишонаи равшани он аст, ки дар кӯҳҳо захираи барф хеле  кам шудааст.

Дар чунин ҳолат, агар бихоҳем, ки маҳдуд кардани барқ дубора ҷорӣ карда нашавад ҳар як аъзои оила, кормандони ташкилоту муассиса ва корхонаҳои истеҳсолиро мебояд, ки  дар истифодаи қувваи барқ сарфакор бошанд. Зеро   ягона роҳи бо барқ  таъмин намудани аҳолӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ дар фасли зимистони  имсола танҳо ва танҳо  сарфаю сариштакорона истифода намудани қувваи барқ мебошад.   

Бинобар ин сокинони мамлакатро зарур аст, ки   пеш аз ҳама ба қадри заҳмати онҳое, ки дар пайи равшан ва гарм кардани хонадони мо мебошанд, бирасанд. Ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд. Агар ҳар яки мо дар истифодаи барқ аз сарфаю сариштакорӣ кор бигирем, аз ин амали мо ҳазорҳо киловатт- соат неруи барқ сарфа гардида,  чандин хонаи дигар гарму равшан ва корхонаҳои истеҳсолӣ бо иқтидори пурра кор мекунанд. 

Саидҷалол Сатторов, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg