БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Иттифоқу сарҷамъӣ таҳкимбахши иқтидори давлат

БАЛҶУВОН. Тибқи  ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Балҷувон  дар ташкилоти ибтидоии “Молия” бо иштироки и.в раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Мирзоев Исуф ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Ғуломов Асомуддин оид ба шарҳу тавзеҳи суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо аҳли зиёи кишвар, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мулоқот доир гардид.

Масъулин дар назди ҷамъомадагон оид ба мсасъалаҳои болозикр андешаронӣ намуда, инчунин оид ба пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, эҳёи анъанаҳои неки ниёгон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар хона, сарфаю сариштакорона истифода бурдани нерӯи барқ, оби ошомиданӣ ва пардохти саривақтии маблағи он, риояи талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудани волидайн дар таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, дар замири онҳо ҷо кардани ҳисси баланди ватандӯстиву худогоҳии миллӣ, ки ин ҳама ба рӯзгори осудаи мардуми кишвар ва ободии Тоҷикистони азиз равона карда шудааст, суханронӣ намуда, иштирокдоронро ба сарҷамъиву якдилӣ баҳри пешрафту ободии Ватан даъват карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg