А.ҶОМӢ. Тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар кӯчаи ба номи Лермонтови ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки васеъи аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, бо мақсади созмон додани ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, маҷлиси муассисони ҳизбӣ баргузор гардид, ки дар кори он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Муҳаммаддовуд Ҳалимов иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни суханронии худ Муҳаммаддовуд Ҳалимов оид ба тақвияти фаъолияти минбаъдаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баҳри амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуда, аз он ҷумла қайд кард, ки баҳри ободиву созандагии диёрамон, сокинони ноҳия бояд тамоми куширу ғайрати худро ба харҷ диҳанд.