ТЕМУРМАЛИК. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ташкилоти ибтидоии “Чилча”- и Ҷамоати деҳоти ба номи Бобоюнус бо мақсади самаранок истифода намудани ҳар як ваҷаб замин, эмин нигоҳ доштани худ ва дигарон аз сироятёбии бемории (COVID – 19) ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз машварати корӣ бо аъзои Ҳукумати кишвар ҷиҳати сарфакорона истифода бурдани неруи барқ, Муроҷиатномаи Ширкати “Барқи тоҷик” - ро риоя намудан бармеояд, вохӯрӣ доир намуданд.
Дар баромади худ намояндагони ҳизбӣ қайд карданд, ки самаранок истифода намудани ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрдошта ва сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ба хотири таъмини зиндагии осуда, захираи об дар обанбори Норак дар фасли зимистон ва расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар -истиқлолияти энергетикӣ мебошад ва мо сокини кишвар ва тамоми ташкилоту муассисаҳоро зарур аст, ки неруи барқро самаранок истифода бурда, маблағи истифодаи онро сари вақт пардохт намоем.