БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ФАЪОЛОН

КӮШОНИЁН. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, таҳти Раёсати Вализода Икромиддин Сироҷиддин раиси ноҳия, вохӯрии Шодиён Муҳаммад Султонзода вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фаълони ноҳия баргузор гардид.

Дар ҷамъомад асосан иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ, сари вақт ҷамъоварии маблағи истифодаи он, самаранок истифодабарии замин, сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои беҳдоштӣ ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории “COVID-19”  ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар фарҷоми ҷамъомад қайд гардид, ки чунин вохӯриҳои судманд бо фаъолони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор карда мешаванд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg