БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ПЕШРАФТИ КИШВАРИ ХУД САҲМГУЗОР БОШ!

КӮШОНИЁН. Дирӯз бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодиён  Муҳаммад Султонзода, Абдусаломзода Мунаввар раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ва Шукруллозода Дилафрӯз  муовини раиси ноҳияи Кӯшониён  дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и  ноҳия бо интихобкунандагон вохӯрӣ доир карданд.

Дар вохӯрӣ масъулин оид ба  сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ, муқовимат бо пандемияи коронавирус, сангфаршкунӣ ва  мумфаршкунии роҳҳо, сохтани марказҳои ҷамъиятии қабул ва фурӯши маҳсулотҳои ҳунармандӣ якҷо бо утоқи раиси Кумитаи маҳалла суханронӣ намуданд.

Дар навбати худ интихобкунандагон дархосту  суолҳои хешро ба вакили мардумӣ пешниҳод карда, аз ҷониби вакили ва масъулини Кумитаи иҷроия ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg