БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ ВАКИЛОН БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН СУДМАНД АНҶОМ ЁФТ

ДӮСТӢ. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷкистон Шарофзода Гавҳар ва Ҷ. Дарин бо интихобкунандагон баргузор гардид. Ҳамзамон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди интихобкунандагон оид ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар, мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию  ҳуқуқие, ки мақоми олии қонунбарори мамлакат қабул кардааст, суҳбат карданд. Инчунин, дар идомаи суҳбат вакилони мардумӣ вазъи сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, татбиқи сиёсати самараноки молиявӣ, ҷалби бештари сармоя, рушди устувори соҳибкорӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки тараққиёти мамлакатро манзури интихобкунандагон карда, аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки  татбиқи  сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  хотири  таъмини зиндагии шоиста ба шаҳрвандон мебошад ва ҳар  яки моро лозим аст, дар  татбиқи ҳадафҳои  созанда масъулияти шаҳрвандӣ ҳис  намоем.

Дар охир вакилони мардумӣ дар баробари андешаҳои таҳлилӣ ва баррасии фаъолияти вакилии худ ҳамзамон ба саволу дархостҳои интихобкунандагон посухҳои мушаххас  гуфтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg