БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО, ҶАВОНОН ЗИДДИ ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ МУБОРИЗА МЕБАРЕМ!

ВОСЕЪ. Бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбҳои ифротӣ ва пешгирии бемории сироятии коронавирус кормандони масъули ҳизбӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи М.Вайсови ноҳияи Восеъ бо аъзои  намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” вохӯрӣ баргузор намуданд.

Зимни суҳбат масъулин зикр карданд, ки яке аз минбарҳои аслии гурӯҳҳои ифротӣ ин сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ мебошад. Мубаллиғон мавзӯъҳои баҳснокро ба муҳокима мегузоранд, нуқтаи назари худро бо истифода аз номи Худо ва аҳодиси пайғамбар (сс) кӯшиш мекунанд то андозае мутобиқ созанд ва дар охир иштирокчиёни баҳсро ба ҷониби худ ҷалб намоянд. Бинобар ин мо ҷавонон бояд ҳушёриву зиракиро аз даст надода, аз олудаи найрангҳои ин гурӯҳҳо худро эмин нигоҳ дорем.

Инчунин, дар ин раванд  оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ба хонандагон маслиҳатҳои муфид дода шуда,  дар ин мавзӯъ бо онҳо саволу ҷавоб роҳандозӣ гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg