БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАР, КИ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ВАХШ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бахшида ба Соли нави мелодӣ бо ҷалби соҳибкори муваффақ, узви фаъоли ҲХДТ, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят Нуралӣ Ризоев ва дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  ба муассиса- интернати ятимону бапарасторони ба номи Мирзо Сатторов ба 302 нафар тарбиятгирандагони ин боргоҳи маърифт маводи либоса барои фасли  зимистон ва анвои шириниҳо тақдим карда шуда, ба онҳо дар ин рӯз дастархони идона ороста шуд.

Дар чорабинии мазкур  узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ,  раиси ноҳияи Вахш Юсупов Қурбоналӣ,  раиси Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин ва раиси Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар ноҳияи Вахш  Маҳмадов Одилҷон  иштирок ва суханронӣ намуда, ба кӯдакони муассисаи мазкур туҳфаҳои солинавиро такдим карданд.

Омӯзгорону тарбиятгирандагони муассиса-интернат аз икдоми пешгирифтаи ҳизбиён руҳбаланд гардида, миннатдории хешро ба Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  шахсони хайрхоҳу ҳимматбаланд баён намуданд. Чун ятимону бепарасторон ҳамеша зери ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор доранд, шахсони фаъоли ҳизб низ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори ҳаррӯзаи худ қарор дода, пайваста ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа кумаку дастгириҳояшонро  дареғ намедоранд. Инчунин, дар ин раванд дар ин рӯз аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  ба 15 оилаҳои маъюбу ниёзманди ҷомеа  орд, картошка,  пиёз ва  равған ба маблағи 2745 сомонӣ маводи  хӯрока кумак расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg