ВОКУНИШ. Ташаккули афкори ифротӣ вобаста ба эътиқоди мардум сиёсӣ намудани дини мубини ислом яке аз падидаҳои номатлуб дар ҷаҳони муосир ба шумор рафта, дар бисёр маврид дастандаркорони ҷараёнҳои тундгаро бо роҳандозӣ намудани идеологияи ифротӣ аксарият ҷавононро ба доми худ мекашанд. Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ эҳсос мешавад, ки аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатхоҳ бозори тарғиби тундгароии динӣ дар масири истифодаи айёронаи фарҳанги исломии мардум хеле тафсон аст. Махсусан баъди доман паҳн кардани бемории ҳамагири коронавирус, ки ба хотири амнияти саломатии мардум фаъолияти масҷидҳо дар кишвар муваққатан боздошта шуданд, ташкилотҳои террористию экстремистии манфиатҷӯ барои ноором кардани вазъи сиёсӣ дар кишвар бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ қариб, ки хобу хезро фаромӯш сохтаанд. Ба андешаи дигар, онҳо ҳамеша сари компютер гӯшбақимоб барои доғдор кардану сафедро сиёҳ нишон додан аз таҳаввулоти дохили кишвари мо пайти муносиб меҷӯянд. Ҳол он ки дар тамоми давлатҳои пешрафта мушкилоти хоса ҷой дорад ва нисбати ҳалли мушкилоти мардум давлат ҳамеша роҳи ҳалли дурусти масъалаҳоро коркард ва амалӣ месозад. Ин ҷо дар зеҳн ду истилоҳ мечархад, ки яке «мухолиф» ва дигаре «душман». Ба андешаи мо ин ду ибора агар аз рӯи баёни мантиқ ба ҳам наздиканд, вале дар масоили сиёсӣ аз якдигар хеле фарқ мекунанд. Аз назари мо истилоҳи «мухолиф» шояд аз истилоҳи «душман» хеле нармтар аст, зеро мухолиф ё мухолифин бештар дар давлатдорӣ ислоҳотро мепазиранд, вале «душман» мақсаду маромаш заъфи миллат ва давлат ҳаст, ки ҳар лаҳза барои сарнагун кардани ҳокимияти сиёсӣ аз тамоми роҳу василаҳои имконпазир истифода мекунад. Амалкарди ташкилотҳои террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом, гурӯҳи 24 ва дигар ташкилотҳои иртиҷоӣ, ки худро мухолифи сохти давлатдории мо медонанд, аз марзи сиёсии мухолиф будан хеле берун аст. Зеро сари ҳар баромад тарафдорони ин ташкилотҳои террористӣ мақсаду ҳадафашон рехтани хуни ноҳақ, инқилобу ба майдонҳо кашидани мардуми кишвари мост.
Ин аст, ки тайи якчанд ҳафтаи охир бо ном ҳаракати сиёсии гурӯҳи 24 дар баробари «хабаррасонӣ» тавассути барномаи «Садои мардум» ба таври илова шабакаи иттилотии видеоии «Ҳақ ва ботил»-ро дар шабакаи интернет «расонаӣ» кард. Ба фарқ аз барномаи «Садои мардум», ки ровӣ тавассути мусоҳибаи телефонӣ суҳбат меорост, барномаи «Ҳақ ва ботил» тавассути муҷрии хиёнаткораш Ҳусейн Ашӯров суҳбатҳои видеоии рӯ ба рӯро ба намоиш мегузорад. Меҳвари аксари суҳбатҳо бо мушкилиҳоро аз будаш зиёд нишон додан ва истифода аз минбари дини ислом «ҷолиб» гардонидани ин «барнома» мебошад. Эҳсос мешавад, ки ба ҷузъ аз як ё ду нафар дастандаркорони барнома аксари баромадкунандагон дониши кофӣ надоранд ва истифодаи онҳо бо роҳи осон кардани мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ, масъалаҳои ришу сатру ҳиҷоб, ки асоси ба мақсад расидани ин гурӯҳҳост, ҳамчун мавзӯи асосӣ дар меҳвари фаъолияти ин «барномасозон» мемонад.
Ба ҳамин монанд, тамошои ахири барномаи «Садои мардум» зери роҳбарии Беҳрӯз Тағойзода назди тамошобинон бори дигар собит кард, ки ин гурӯҳи худкома миёни муҳоҷирони меҳнатӣ дар фикри зиёд кардани аъзои худ гардидааст. Таҷрибаи аъзосозӣ ба сафи ташкилоти террористию экстремистии гурӯҳи 24 хеле соддаю професионалист! Чӣ тавр? Аллакай ин гурӯҳ аз падари маънавии худ ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом таҷрибаи сиёсӣ андӯхтааст. Яъне, бо матраҳ кардани мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ, ки аксар аз пушти мизи муассисаҳои таълимии умумӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, донишҳои амиқи сиёсӣ надоранд, бо ваъдаи пулу мол, қасру кушк ва дигар эҳтиёҷоти зиндагӣ онҳоро ба доми худ меафтонанд. Тавре дар гузаштаи начандон дур ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом бо роҳи тақаллубу фиреб қисми муайяни сокинони кишварамонро ҳатто бехабар аъзои худ карда буд, ин гурӯҳ низ мақсаду ҳадафашро ба хотири зиёд намудани ҳамтоён ва гирифтани бренди зиёд аз ташкилотҳои манфиатдор бо ҳамин роҳу усул амалӣ кардан мехоҳад.
Фақат дар барномаи ба ном ҳаракати сиёсии гурӯҳи 24 баъзе аз «навъоварӣ»-ро эҳсос кардан мумкин аст, яъне ин гурӯҳи худкома иззату маҳбубияти исломро масъалаи дуюмдараҷа арзёбӣ намуда, иқтисодиётро масъалаи меҳварӣ меҳисобад. Яъне, туқуми пӯсидаи наҳзатиро каме аз худ дур сохта, онро бо истилоҳи нави «иқтисодиёт» пӯшиши мудерну замонавӣ медиҳад.
Ровӣ Беҳрӯз Тағойзода гоҳе мушкилотро сари роҳбарияти олии сиёсии кишвар бор мекунаду гоҳе ба хотири онҳоро орому осуда нагузоштан аз сохторҳои зиддахли назорати тартибот гиламанд аст. Ин буздили майдонғариб, ки сари ҳар суҳбат мардумро ба инқилоб даъват мекунад, боре ҳам намеандешад, ки таърихи миллатро шахсиятҳо месозанд. Воқеан, дар ҷомеаи имрӯза мушкилот зиёд аст, вале ҳалли мушкилот ба воситаи ҷангу исён ҳеҷ гоҳ роҳи ҳалли масъала нест. Шояд ин «фаъоли ҷамъиятӣ» Тоҷикистонро ба Афғонистони дуюм табдил доданист? Хестед, ки хобед!
Мардуми Тоҷикистон аллакай тамоми бозиҳои пасипардагии ин гурӯҳҳоро нағз дар хотир дораду медонад. Бо як ду Беҳрӯзу Ҳусейн, ки андешаи нопоку разилона доранд, мавқеи тамоми мардуми Тоҷикистонро наметавон дигар кард. Баъдан Тоҷикистон соҳиб дорад. Аксари ҷавонони ин марзу бум дар фазои сулҳу рафоқат кору зиндагӣ карда, ба қадри оромию осудагии Ватан мерасанд ва ҳеҷ гоҳ мо роҳ намедиҳем, ки Беҳрӯзу Ҳусейн баринҳо дар ҷомеаи мо садрнишин бошанд. Зеро бо ақидаи ифротӣ ҷомеаи пешрафтаву мутараққӣ сохтан ғайриимкон аст.
Имрӯз давлат ва Ҳукумати кишвар зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои насли ҷавон тамоми имконияту шароитҳоро фароҳам овардааст ва он ҷавоне, ки андешаи солим, дониши мукаммал дорад, метавонад дар ҷомеа ҷойгоҳи худро пайдо кунад.
Обрӯю иззатро наметавон бо сарвату мол баркашид. Барои соҳибэҳтиром гардидан лозим аст, ки дар майдони илму ҳунар заҳмат кашид. Бо он ду се чалласаводе, ки аз бекорӣ пушти монитори комютер ё телефонҳои мобилӣ нишаста, ба қавле шаф-шаф мекунанд, намешавад, ки дар роҳи давлатсозӣ муваффақ буд. Зеро ҷомеаи солимро андешаи солим месозад. Андешаи солим бошад аз дараҷаи таълиму тарбия, аз масъулияти ҳар як волидайн дар ҷодаи омӯзиши илму дониш барои фарзандон манша мегирад.
Тайи анқариб 30 соли соҳибистиқлолӣ мардуми Тоҷикистон пойдевори бунёди давлати миллии худро устувор кард. Насли имрӯз чун насли солҳои аввали соҳибистиқлолӣ нест, ки дунболи ҳавою ҳавас раванд. Имрӯз тамоми мардуми кишвар дар роҳи давлатдорию давлатсозӣ атрофи сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат сарҷамъанд ва ҳеҷ неруе наметавонад онро халалдор созад. Ба истилоҳи дигар: «Саг меҷакаду корвон бо роҳи худ меравад».
Ё ба андешаи бузургон ин қабил азхудрафтагон боре андеша мекарданд, ки онҳо барои ин миллат чӣ хизмати содиқона кардаанд, ки имрӯз даъвои ҳокимият мекунанд!
Ҳар шаб зи худат бипурс агар чӣ мардӣ,
Имрӯз чӣ хизмате ба мардум кардӣ!
Аҳмадзода Маҳмудҷон, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ш.Шоҳин