ШАҲРИТУЗ. Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз дар ташкилоти ибтидоии “Маркази саломатӣ” дар якҷоягӣ бо кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз, дар ҳудуди ноҳия вохӯриву суҳбатҳо доир намуда, муҳтавои муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Барқи тоҷик» -ро оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, роҳ надодан ба талафоти зиёди неруи барқ, пардохти маблағи истифодаи он, андешидани тадбирҳои зарурӣ баҳри беҳтар гузаронидани мавсими зимистони дарпешистода, гузаштан ба дигар намуди алтернативаи сӯзишворӣ, аз ҷумла ангишт, ҳезум, брикет, гази моеъ ба дарки сокинон расонида, ба ҳар яки онҳо Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Барқи тоҷик»-ро дастрас менамоянд.