БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ПЕШРАФТИ КИШВАРИ ХУД САҲМГУЗОР БОШ!

ТЕМУРМАЛИК. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Иттифоқ” - и Ҷамоати деҳоти ба номи Бобоюнус, бо мақсади самаранок истифода намудани ҳар як ваҷаб замин, эмин нигоҳ доштани худ ва дигарон аз сироятёбии бемории (COVID- 19) ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз машварати корӣ бо аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати сарфакорона истифода бурдани неруи барқ, Муроҷиатномаи Ширкати “Барқи тоҷик” - ро риоя намудан бармеояд, вохӯрӣ доир намуданд.

Дар баромади худ намояндагони ҳизбӣ қайд карданд, ки самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрдошта ва сарфакорона истифода намудани неруи барқ ба манфиати мо шаҳрвандон буда, ба хотири захираи об дар обанбори Норак дар фасли зимистон ва расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар - истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ вазифаи ҳар як сокини кишвар ва тамоми ташкилоту муассисаҳо мебошад. Аз ин хотир мо бояд сарфакориро сармашқи кори худ намуда, дар таъмини пурраи истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ  саҳм гузорем.

Инчунин, дар ин баробар ба иштирокчиён Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муроҷиатномаи Ширкати “Барқи Тоҷик” барои сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва Муроҷиатномаи ҲХДТ оид ба пешгирии бемории сироятии (COVID - 19) дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg