ПАНҶ. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз мулоқоташон бо намояндагони ҷомеаи кишвар бармеояд, бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ва ҷалби аъзои фаъоли ҲХДТ, соҳибкорони ватанӣ ҷиҳати дасти кумак дароз намудану аёдати оилаҳои ниёзманд, аз ҷумла маъюбону ятимон тадбирҳои судманде амалӣ гашта истодааст.
Дар чорабинии ҳизбии солинавӣ ба 2 нафар маъюбон аз оилаҳои ниёзманди ҷомеа дар арафаи Соли нав мелодӣ маводи хӯрока, аз қабили орд, равған, биринҷ ва асо (чигас) кумак расонида шуда, хурсандии аёдатшудагон дар ин рӯз ҳадду канор надошт.
Зимни суҳбату мулоқотҳо шахсони аёдатгардида шукри истиқлолият, шукри Ваҳдати миллӣ намуда, миннатдории хешро барои ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён дошта, барои устувории пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу суботи кишвар дасти дуо бардоштанд.