
КӮЛОБ. Дар арафаи Соли нави мелодӣ аз ҷониби ҳизбиёни шаҳри Кӯлоб ҷиҳати дастгирии шахсони ятим иқдомҳои хайриявӣ роҳандозӣ шуда истодааст.
Яке аз аъзои фаъоли ҲХДТ Гулсунбӣ Иброҳимова дар якҷоягӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Шарифзода Гулрухсор ва муовини аввали раиси шаҳри Кӯлоб Ташрифзода Мунаваршо дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии шахсони ятим, ба аётади таълимгирандагони мактаб-интернати №1-и шаҳри Кӯлоб рафта, ба онҳоро туҳфаҳои солинавиро тақдим карданд.