БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КУМАКҲОИ НАВБАТИИ ҲИЗБИЁН БА ЯТИМОНУ МАЪЮБОН

ВАХШ. Дастгирии бепарасторон, маъюбон ва дигар табақаҳои ниёзманди ҷомеа  татбиқи  сиёсати инсондӯстона ва ятимпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз  самтҳои муҳими фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ-ро ташкил медиҳад. Бахшида ба фарорасии Соли нави мелодӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар пайравӣ аз сиёсати хайрхоҳона, инсондӯстона ва ятимпарваронаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми шароиту имкониятҳо самаранок истифода намуда, ба 6 нафар ятимону маъюбони ноҳияи Вахш кумаки яквақтаина, аз қабили орд, равған, картошка ва пиёз  расонида шуд. Барои чунин дастгириҳо шахсони ниёзманди ҷомеа  миннатдории хешро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  Кумитаи иҷроияи вилоятӣ  ва ноҳиявӣ баён дошта,  аз он изҳори қаноатмандӣ карданд, ки таҳти ғамхориҳои доимии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу суботи кишвар қарор доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg