БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мо мардуми Тоҷикистон сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро якдилона ҷонибдорӣ менамоем!

ТЕМУРМАЛИК. Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид ва кормандони масъули Кумитаи иҷроия бо сокинони деҳаи Оби ширини болои  ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик вохӯрӣ баргузор гардид.  

Дар баробари ташвиқу тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин  шарҳу тавзеҳи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар аз 12 майи соли 2018 ва қабули аъзои нави ҲХДТ аз ҳисоби шахсони бонуфуз баррасӣ карда шуданд.

Дар мулоқот Раҷабзода Маҳмадсаид самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ-ро ба иштирокдорон фаҳмонида, инчунин, оид ба суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар аз 12 майи соли 2018 бармеояд,   маълумот дод.

Доир ба суханронии Раҷабзода Маҳмадсаид сокини деҳаи Оби ширини боло Саидов Абдуҷаббор андешаҳои худро баён намуда, иброз дошт, ки мо мардуми шарифи Тоҷикистон сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро якдилона ҷонибдорӣ менамоем ва дар иҷрои дастуру супориш ва ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодаем.

Зимни баргузории  вохӯрӣ 5 нафар сокинони деҳа ба унвонии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  барои шомил шудан ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод намуданд, ки онҳо бо хушнудӣ аз ҷониби масъулин ба аъзогии ҲХДТ пазируфта шуданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg