БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАБАҚАҲОИ НИЁЗМАНДИ ҶОМЕА ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲ ВА ДАСТГИРИИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД!

КӮШОНИЁН. Имрӯзҳо дар кишвар расонидани кумак ба оилаҳои ниёзманди ҷомеа, аз ҷумла ятимону бепарасторон ва шахсони эҳтиёҷманд ба ҳукми анъана даромада, дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иду ҷашнҳои милливу давлатӣ бо дастгирии  шахсони хайрхоҳу ватандӯст ва эҳсонкор роҳандозӣ мегардад. Мардуми сарбаланди тоҷик дар ҳама давру замон ба табақаҳои ниёзманд дасти ёрӣ дароз карда, саховату ҳимматбаландии ибратомӯзи хешро  нишон додааст.

Ба ин хотир дирӯз баъд аз баргузории Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин дар якҷоягӣ бо Миралиён Қиёмиддин раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ҷиҳати  дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии шахсони эҳтиёҷманд ва ятимону собиқадорони ҳизбу меҳнат ба аёдати 3 нафар сокинони Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод Самадов Мирзоёр,  Ёқубова Меҳрона ятими кул ва Давлатов Ҳомидбек собиқадори ҳизбу меҳнат рафта, бо онҳо суҳбатҳои самимона анҷом доданд. Пас аз анҷоми суҳбат ва пурсон шудан аз ҳолу аҳволи зиндагии  аёдатшудагон  ба онҳо анвои шириниҳо ва маводҳои ғизоиро ҳамчун туҳфаҳои солинавӣ тақдим карданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg