БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОЗМУНИ ҲИЗБИИ “БЕҲТАРИН САРФАКОРИ БАРҚ” ДАР МАҲАЛ

ҶАЙҲУН. Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун дар ҳамбастагӣ бо кормандони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва намояндагони  идораи Барқ дар деҳаи ба номи Боқӣ Раҳимзодаи Ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ  бо сокинон ҷиҳати фаҳмонидани муҳтавои Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Барқи Тоҷик” оид ба истифодабарии сарфакоронаи неруи барқ, роҳ надодан ба талафоти зиёди неруи барқ, пардохти маблағи истифодаи он, андешидани тадбирҳои зарурӣ баҳри беҳтар гузаронидани мавсими зимистони дарпешистода суҳбату вохӯрӣ бо усули “хона ба хона” гузарониданд. Инчунин, масъулин аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки дар озмуни “Беҳтарин сарфакори барқ” иштирок намоянд. Ҳамзамон, зимни вохӯрӣ масъулин ба сокини деҳаи болозикр Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Барқи Тоҷик”-ро тақсим  карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg