ХОВАЛИНГ. Дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбон ва дигар табақаи ниёзманди аҳолӣ дар пайравӣ сиёсати инсондӯстона ва ятимпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як самти муҳими фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалингро ташкил медиҳад.
Кормандони Кумитаи иҷроия ҷиҳати татбиқи ин сиёсати хайрхоҳона, инсондӯстона ва ятимпарваронаи Пешвои миллат аз тамоми шароиту имконият самаранок истифода менамоянд. Махсусан дар арафаи санаҳои муҳими таърихӣ бо дастгирии вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, соҳибкорон ва дигар шахсони саховатманду хайрхоҳ ин табақаи ниёзманди аҳолиро бо додани маблағи пулӣ ва маҳсулоти ниёзи аввал кумак менамоянд.
Кумитаи иҷроия чунин амали хайру савобро дар арафаи таҷлили Соли нави милодӣ бо дастгирии вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, шахсони хайрхоҳ роҳандозӣ намуда, ин навбат чунин иқдоми нек нисбати шахсони маъюбу беморони бистарӣ ба роҳ монда шуд.
Пеш аз супоридани кумаки хайриявӣ, ки аз маҳсулоти ниёзи аввалия иборат буд, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Халилзода Сафар Хоҷа баромад намуда, аз сухани падаронаи Пешвои миллат, ки “Ман ятимон, маъюб ва дигар одамони муҳтоҷи ёриро хору зор шудан намемонам!” ёдовар шуда, қайд намуд, ки ҳамин сухани ғамхорона ва пур аз меҳру самимият имрӯз дар бобати дасттгирии ин табақаи аҳолӣ шиори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг гардидааст. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия минбаъд низ кушиш ба харҷ медиҳад, ки бо дастгирии одамони хайрхоҳ, вакилон ва соҳибкорон чунин амалҳои хайрхоҳонаро роҳандозӣ намуда, ба одамони муҳтоҷи ёрӣ дасти кумак дароз намояд.