
ҶАЙҲУН. Бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ҳамбастагӣ бо кормандони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тақсимоти маводҳои таблиғотиро бо усули “хона ба хона” миёни сокинони Ҷамоати деҳоти Панҷ доир намуданд.
Сокинон зимни суҳбат аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроия таъкид гардиданд, ки аз рафтан ба ҷойҳои ҷамъиятӣ ва серодам худдорӣ кунанд ва инчунин, Соли нави мелодиро дар доираи оила ҷашн гиранд.
Дар фарҷоми чорабинӣ бошад, ба сокинон баҳри пешгирии бемории сироятии коронавирус ниқобҳои тиббӣ дастрас намуданд.