БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳукуматдорони мутаассиби Эрон бадхоҳони аслии тамаддуни ориёнажодон ва душманони ашадии дӯстии халқҳои Тоҷикистону Эрон мебошанд

ВОКУНИШ. Имруз дар ҷаҳони муосир яке аз масъалаҳои ҷиддие, ки тамоми ҷомеаро нигарон намудааст ин  проблемаи тероризм ва экстремизм мебошад. Терроризм ва экстремизм фарогири ҷомеаи имрӯза гардида, ба хатарҳои умумиҷаҳонӣ табдил гаштааст. Имрӯзҳо кишварҳои оламро мебояд дар якҷоягӣ алайҳи ин корҳои номатлуб муборизаи беамон баранд. Ҳамчунин, дар самти тақвият додани ҳуввияти миллӣ ва бедор кардани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, баланд бардоштани маърифати динию дунявӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, огоҳи додани мардум аз хатарҳои зуҳуроти тероризму экстремизмӣ динию байналмилалӣ, ба роҳ мондани тарбияи дурустӣ оилавӣ, ташвиқи илмомӯзӣ дар миёни наврасону ҷавонон ва ҷалби онҳо ба машғулиятҳои лозими метавонад барои аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб мусоидат намоянд.  Солҳои охир терроризм ва экстремизм  ба хатари глобалӣ табдил ёфта, мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст. Афзоиши хусусияти ҷиноятҳои экстремистӣ ва террористӣ дошта, ба тавсеа ёфтани терроризм, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи гуруҳҳои экстремистиву терористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷи мусоидат менамояд. Бояд гуфт, ки кирдорҳои террористӣ бо мақсадҳои гуногун тарҳрезӣ гардида, дар натиҷаи амалиёти манфиатталабонаи онҳо ҳамасола ҳазорон шаҳрвандони оддӣ ба ҳалокат мерасанд. Як ҳамлаи гурӯҳи террористии Толибон ба мактабе дар шаҳри Пешовари кишвари Покистон, ки дар натиҷаи он зиёда аз 140 нафар ба ҳалокат расид, ба гуфтаҳои боло мисоли равшан буда метавонад. Дар ин замина, мушкилоти дигар гаравидани ҷавонон ба чунин ҳизбу ҳаракатҳо мебошад.

Бадбахтона, дар Тоҷикистони азизи мо низ аз солҳои 90-уми асри гузашта сар карда, бо пуштибонии режими кунунии Эрон созмони ТЭТ ҲНИТ бо мақсадҳои нопоку риёкорона ва ҷинояткорона ба саҳнаи сиёсат омад. Ин созмон фазои орому осоиштаи Ватанро ба хоку хун оғушта кард. Бо роҳи низоъандозӣ оташи ҷанги шаҳрвандиро афрӯхта садҳо ҳазоронро бадбахту хонавайрон кард. Дертар мардум фаҳмид, ки дар бисёр амалҳои хунхоронаи солҳои 90-ум аъзои ТЭТ ҲНИТ даст доранд. Дар идома низ маълум шуд, ки ширкати баъзе ҷавонони ноогоҳ дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи Сурия маҳз бо тарғиб ва ташвиқи ҳамин хоинони ҷинояткор сурат гирифтааст. Агарчи фаъолияташон бо қарори Суди Олии кишвар манъ шудааст, аз беруни кишвар бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, ба оромиву суботи кишвар халал ворид созанд. Дар ин роҳ онҳо аз ягон амали ҷинояткорона даст намекашанд. Аммо онҳо дар хотир дошта бошанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дигар фирефтаи ақидаҳои тундгароёна нахоҳанд шуд. Барои мардуми тоҷик оромиву суботи кишвар, манфиатҳои давлату миллат арзишҳои ивазнашавандаанд.

Мушкилоти аслӣ он аст, ки доираи хатари ин гуна зуҳуроти сангини давр рӯз аз рӯз васеъ гардида, доираи фаъолияти чунин гурӯҳҳо сатҳи ҷаҳонро фаро гирифта истодааст. Барои мисол, гурӯҳи террористии ба ном Давлати исломӣ аз рӯйи маълумоти “РИА Новости” зиёда аз 200 ҳазор нафар аъзо дошта, намояндагони он қариб дар аксари кишварҳои олам фаъолияти пинҳонкорона мебаранд. Вале аксари аъзои он дар кишварҳои исломӣ, мисли Сурия ва Ироқ барои ба даст овардани ҳокимият мубориза бурда, ба куштору ваҳшоният даст мезананд. Айни замон бошад, онҳо аз Сурияву Ироқ ба Афғонистон интиқол дода шудаанд, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳад аст. ТЭТ ҲНИТ низ талош дорад дигарбора бо пуштибонии охундҳои мутаассиби Эрон, ки бадхоҳони аслии тамаддуни ориёнажодон ва душманони дӯстии халқҳои Тоҷикистону Эрон мебошанд, дигарбора мехоҳанд суботу оромии Ватани биҳиштосои моро барҳам зананд.

Ҳамин тариқ, имрӯз ки аз зуҳури мушкилоти рақами яки ҷаҳон – терроризму экстремизми байналхалқӣ тамоми сайёра дар ташвиш аст, ҷомеаи моро зарур меояд, ки барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ин гуруҳҳои номатлуб мубориза намоем. Мо ҷавонон даст ба дасти ҳам гирифта барои озодии кишвари азизамон Тоҷикистон толош хоҳем кард.

Ваҳобуддин Абдуллоев, мудири шуъбаи таблиғот  иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён                            

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg