
ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ва мусоидат намудан ба танзими ҳуҷҷатгузории ташкилотҳои ибтидоӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ташкилоти ибтидои ҳизбии Ҷамоати деҳоти ба номи “М.Вайсов” вохӯрӣ баргузор намуданд.
Зимни вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Раззоқ ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Гулрухсор Мирзоева аз рафти ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии номбурда дидан намуда, ба роҳбари он оид ба беҳбудӣ ва камбудиҳои ҷойдошта дар ҳуҷҷатгузорӣ, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ вобаста ба фаъолияти ҳизб, Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Низомнома оид ба тартиби ба қайдгирии аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, иҷрои нақшаи корӣ, корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монанд.
Бояд қайд намуд, ки оид ба мусоидат намудан ба танзими ҳуҷҷатгузории ташкилотҳои ибтидоӣ ҳизбӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ давом дорад.