БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРҚРО САРФАКОРОНА ИСТИФОДА МЕБАРЕМ!

ВАХШ. Вохӯрии навбатии раиси Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар нохияи Вахш Одилҷон Маҳмадов ҷиҳати фаҳмонидани муҳтавои Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати "Барқи Тоҷик" оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, исифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин ҳамзамон оид ба қоидаҳои муҳофизат аз бемории (Ковид-19) дар ташкилоти ибтидоии “Пешқадам”-и Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур Одилҷон Маҳмадов ба сухан баромада,  қайд кард, ки чароғонии коргоҳу хонадони мову Шумо аз оқилона ва сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ вобастагии амиқ дорад моро лозим аст, ки неруи барқро дар фасли зимистон оқилона истифода барем. Инчунин, гуфта шуд, ки моро зарур аст, заминҳои наздиҳавлигӣ ва Президентиро самаранок истифода бурда,  чор, панҷ ҳосил аз он рӯёнем. Дар охир ба иштирокчиён муроҷиатномаи Ширкати “Барқи Тоҷик” дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg