БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САРФАИ НЕРУИ БАРҚ БАР МАНФИАТИ ҲАР ЯК ХОНАДОН АСТ!

Ҷ.БАЛХӢ. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корҳои тарғиботиро ҷиҳати истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “Пахтакор”-и  Ҷамоати деҳоти Калинин доир намуданд.

Мудири шуъбаи тарғибот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Алиев Зафар оид ба истифодаи сарфакорона, мақсадноки неруи барқ ва пешгирии паҳншавии бемории сироятии “COVID - 19”  суханронӣ намуда, таъкид кард, ки истифодаи оқилонаву сарфакоронаи неруи барқ барои расидан ба ҳадафҳои олӣ-таъмини зиндагии шоистаи мардум мусоидат хоҳад кард. Неруи барқро сарфакорона ва танҳо дар ҳолатҳои зарурӣ истифода бурдан лозим. Вобаста ба имконият барои гарм кардани хона, пухтупази хӯрок истифода бурдан аз ангишт ва ҳезум мувофиқи мақсад аст».

Дар фарҷом оид ба пешгириҳои сироятӣ суханронӣ намуда,  қайд дошт, ки худ ва наздиконашонро дар фасли сармо, ки асосан дар ҳамин фасл бемориҳои зуком, дарди гулӯ, бемориҳои шуш ва ба ҳамин монанд бемориҳо авҷ мегиранд, маслиҳатҳо дода, ба онҳо ниқобҳои муҳофизатӣ ва муроҷиатнома ба таври ройгон тақсим намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg