
ШАҲРИТУЗ. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” оид ба шарҳу тавзеҳи муҳтавои Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Барқи Тоҷик» ҷиҳати истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, роҳ надодан ба талафоти зиёди неруи барқ, пардохти маблағи истифодаи он, андешидани тадбирҳои зарурӣ баҳри беҳтар гузаронидани мавсими зимистони дарпешистода, гузаштан ба дигар намуди алтернативаи сӯзишворӣ, аз ҷумла ангишт, ҳезум, брикет, гази моеъ суханронӣ карда, ҷамъомадагонро барои татбиқи амалҳои неку созандаи Роҳбари давлат ва Ҳукумати кишвар ҳидоят намуданд. Дар охир ба ҳар як иштирокчӣ Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Барқи тоҷик» дастрас карда шуд.