
ШАҲРИТУЗ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз дар ташкилоти ибтидоии “Пахтаобод”-и Ҷамоати деҳоти Пахтаобод ва раиси деҳаи Пахтаобод Алимардонов Сувонқул бо аҳолӣ бо усули “хона ба хона” вохӯриву суҳбатҳо доир гардид.
Масъулин зимни суҳбат муҳтавои Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Барқи тоҷик», аз ҷумла истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, роҳ надодан ба талафоти зиёди неруи барқ, пардохти маблағи истифодаи он, андешидани тадбирҳо баҳри беҳтар гузаронидани мавсими зимистони дарпешистода, гузаштан ба дигар намуди алтернативаи сӯзишворӣ, алалхусус ангишт, ҳезум, брикет, гази моеъ ва кам кардани талафоти неруи барқро ба сокинон фаҳмонида, ба ҷамъомадагон Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Барқи Тоҷик» дастрас карда шуд.