ЁВОН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар деҳаи Тутбулоқи ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова бо иштироки занону бонувони деҳа вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоева Саёҳат ба занону бонувони деҳаи Тутбулоқ оид ба таълиму тарбияи фарзанд, эҳтироми шавҳар, оромиши хонадон, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», тарғиби либоси миллӣ, аз байн бурдани фарҳанги бегона, тарғиби ҳунарҳои мардумӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, омода намудани духтарон ба зиндагии мустақилона, вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир ва ғайра андешаронӣ намуд.
Воқеан, занон ҳамчун тарбиятгар, мураббии аввалин ва тарғибкунандаи фарҳангу тамаддуни имрӯзаи миллати тоҷик ба шумор рафта, дар ҳама маврид сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумат, хоса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, барои пояндагӣ ва ҷовидонии сулҳу салоҳи Тоҷикистон мубориза мебаранд.