
ҶАЙҲУН. Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун дар ҳамбастагӣ бо кормандони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва кормандони масъули идораи Барқ дар деҳаи Себзори Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ ҷиҳати фаҳмонидани муҳтавои Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Барқи Тоҷик” оид ба истифодабарии сарфакоронаи неруи барқ, роҳ надодан ба талафоти зиёди неруи барқ, пардохти маблағи истифодаи он, андешидани тадбирҳои зарурӣ баҳри беҳтар гузаронидани мавсими зимистони дарпешистода бо усули “хона ба хона” доир намуданд.
Зимни вохӯрӣ масъулин ба сокинони деҳаи болозикр Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Барқи Тоҷик”-ро тақсимот намуданд.