
ФАРХОР. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ҳудуди маҳаллаҳои ноҳия корҳои фаҳмонидадиҳиро оид ба истифодаи мақсадноки қувваи барқ, пешгирии паҳншавии бемории коронавирус ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ бо усули «хона ба хона» ба роҳ монданд.
Масъулин ҳангоми суҳбатҳо бо сардорони оилаҳо иброз доштанд, ки пардохти ҳаққи истифодаи барқ ва неруи барқ бояд сарфакорона истифода карда шавад. Инчунин, дар бораи бемории сироятии коронавирус андешаронӣ карда, онҳоро барои эмин будан аз ин бемории сироятӣ ба риояи гигиенаи шахси ва пӯшидани ниқобҳои муҳофизатӣ раҳнамоӣ намуда, ба онҳо ниқобҳои тиббӣ ва варақаҳои таблиғотиро тақсим намуданд.