![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/IMG_20201225_161441.jpg?itok=hnkVC0kn)
ФАРХОР. Бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сесолаи рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии “Баҳор” Шарипов Мирзошариф дар деҳаи Баҳори Ҷамоати деҳоти Ватани ноҳияи Фархор ва дастгирии сокинон 2 километр роҳи дохили деҳа сангфарш карда шуд.
Дар кори тахту ҳамворкунии роҳи деҳа бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи кишвар ба ҳашари дастаҷамъона баромада, дар корҳои ободонӣ, яъне Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” саҳми арзанда гузоштанд.